Таърих

понедельник, 12 февраля 2018 г.

Фото Узайр Шарифов

2018
2015

Таърихи Тоҷикистон

Таърихи Тоҷикистон - Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон зиндагй намуда халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза қадимтарин осори ҳаёти инсон ба давраи палеолити миёна рост меояд. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Ориёӣ - аз калимаи авестоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст. Дар замонҳои қадим аҷдодони тоҷиконро - ориёӣ мегуфтанд.
Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авесто ва Ведҳо, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст.
Дар қадим аҷдоди ориёиҳо ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил мекарданд, яъне як халқ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар асри XX - XV п.м. онҳо ба ду шоха тақсим шуданд, ки яке аз онҳо ба Ҳиндустон кӯчида дар онҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гурӯҳи дуюм дар Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ зиндагӣ мекарданд ва Авесто - ро офариданд. Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар асрҳои IX – VIII то м. тоифаи ориёиҳо тақрибан дар нисфи қитъаи Осиё аз сарҳади Байнаннаҳрайн то шимоли Ҳиндустон ва аз Аврупои Шарқӣ – Ҷанубӣ то Олтойу Сибири Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд.
Ба қатори халқҳои ориёӣ ин давра - бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишин сакоиҳо - скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва халқҳои дигари эронинажод дохил мешуданд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми Ориёно - Давлати Пешдодиён ва Давлати КаёниёнТурон - Давлати Афросиёб,Подшоҳии Бохтари қадимДавлати Суғди қадимДавлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон аҷдодониориёӣ номбар шудааст.

Таърих

Таърих - илм дар бораи сабти фаъолияти инсон, ҷамъият ва сивилизатсия мебошад. Таърих (вожаи арабӣ) - илмест, ки маҷмӯи воқеа ва ҳодисаҳои дар ҳаёти инсоният рӯйдодаро меомӯзад. Таърих пажӯҳиш дар рухдодҳо ва корҳои инсон дар гузашта аст. Ҳарчанд ғолибан ин риштаи мутолиотеро дар зергурӯҳҳи аз улуми инсонӣ ё улуми иҷтимоӣ қарор додаанд, бо инҳол метавон онро ба унвони пуле байни ин ду шохаи таллақӣ кард; зеро равишҳои мутолиоти мухталифи он аз ҳар ду шоха вом гирифта шудаанд. Таърих ба унвони як риштаи мутолиотӣ дорои шохаҳо ва гироишҳои ҷанбӣ зиёде аст, ки аз он миён метавон ба таърихшуморӣ, таърихнигорӣ, таърихшиносӣ, хатнигорӣ таърихӣ (китобшиносӣ) ва cliometrics ишора кард.
Муаррихон аз гузашта кушидаанд то пурсишҳои таърихиро ба пажӯҳиш дар асноди навишторӣ посух гуянд. Бо ин ҳол пажӯҳишҳои таърихӣ танҳо ба ин манбаъҳо маҳдуд намешаванд. Ба таври куллӣ манбаъҳои дониши таърихиро метавон ба се даста тақсим кард: навиштаҳо, гуфтаҳо, бақояи моддӣ. Таърихнигорон барои кори худ аз ҳар се истифода мекунанд.